Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба манофеъи дуняви ва ухравии ин фаризаи азим гуфтанд: Агар ҳаҷ набошад уммати исломӣ фуру хоҳанд пошид.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ваҳдати уммати исломӣ ва муқобила бо шаётини мустакбирро аз ҷумлаи ин аҳдоф донистанд ва афзуданд: Аз ҷумлаи манофеъи мутаъадиди дунявии ҳаҷ ин аст, ки мусалмонон дар ин иҷтимоъи азим дар муқобили режими саҳюнистӣ ва нуфузи қудратҳои истикбори эъломи ҳузур ва қудрат кунанд ва дар баробари золимони ҷаҳон сина сипар кунанд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба зарурияти иттилоъ аз масоили дунё ва вазъияти миллатҳои мусалмон афзуданд: Аёми ҳаҷ фурсати муғтанами барои ошноӣ воқеъи бо миллатҳо ва масоили ҷаҳони аст то хабарҳои дуруғи расонаҳо ва хабаргузориҳои казоб инсонро аз воқеъиятҳои ҷаҳон дур ва гумроҳ накунад.
342/